Гул дар андеша, ки чун ишва кунад дар кораш.
Дилрабоӣ ҳама он нест, ки ошиқ бикушанд,
Хоҷа он аст, ки бошад ғами хидматгораш.
Ҷои он аст, ки хун мавҷ занад дар дили лаъл,
3-ин тағобун, ки хазаф мешиканад бозораш.
Булбул аз файзи гул омӯхт сухан варна набуд,
Ин ҳама қавлу ғазал таъбия дар минқораш.
Эй, ки дар кӯчаи маъшуқаи мо мегузарӣ,
Барҳазар бош, ки сар мешиканад девораш!
Он сафаркарда, ки сад қофила дил ҳамраҳи ӯст.
Ҳар куҷо ҳаст, худоё, ба саломат дораш!
Сӯҳбати офиятат гарчи хуш афтод, эй дил,
Ҷониби ишқ азиз аст, фурӯ магзораш!
Сӯфии сархуш аз ин даст, ки каҷ кард кулоҳ
Ба ду ҷоми дигар ошуфта шавад дастораш.
Дили Ҳофиз, ки ба дидори ту хӯгар шуда буд,
Нозпарварди висол аст, мачӯ озораш!