Иродате бинамо, то саодате бибарӣ.
Бикӯш, хоҷаву аз ишқ бенасиб мабош,
Ки бандаро нахарад кас ба айби беҳунарӣ.
Маи сабӯҳу шакархоби субҳдам то чанд?
Ба узри нимишабӣ бошу гиряи саҳарӣ.
Ту худ чӣ лӯъбатӣ, эй шаҳсавори ширинкор,
Ки дар баробари чашмиву ғоиб аз назарӣ?
Ҳазор ҷони муқаддас бисӯхт з-ин ғайрат,
Ки ҳар сабоҳу масо шамъи маҷлиси дигарӣ.
Зи ман ба ҳазрати Осаф кӣ мебарад пайғом,
Ки ёд гир ду мисраъ зи ман ба назми дарӣ:
Биё, ки вазъи ҷаҳонро чунон, ки ман дидам,
Гар имтиҳон бикунӣ, май хӯриву ғам нахӯрӣ.
Кулоҳи сарварият каҷ мабод бар сари ҳусн,
Ки зеби тахту сазовори мулку тоҷи сарӣ.
Ба бӯи зулфу рухат мераванду меоянд,
Сабо ба ғолиясоиву гул ба ҷилвагарӣ.
Чу мустаидди назар нестӣ, висол маҷӯй,
Ки ҷоми Ҷам накунад суд вақти бебасарӣ.
Дуои гӯшанишинон бало бигардонад,
Чаро ба гӯшаи чашме ба мо наменигарӣ?
Биёву салтанат аз мо бихар ба мояи ҳусн,
В-аз ин муомила ғофил машав, ки ҳайф хӯрӣ.
Тариқи ишқ тариқи аҷаб хатарнок аст,
Наузубиллаҳ, агар раҳ ба мақсаде набарӣ.
Ба юмни хидмати Ҳофиз умед ҳаст, ки боз,
«Арӣ усомиру Лайлоя лайлатул қамарӣ».