Тоири Давлат Агар Боз Гузоре Бикунад,

Тоири давлат агар боз гузоре бикунад,
Ёр боз ояду бо васл қароре бикунад.
Дидаро дастгаҳи дурру гуҳар гарчи намонд,
Бихӯрад хуневу тадбири нисоре бикунад.
Дӯш гуфтам: «Бикунад лаъли лабаш чораи ман»
Ҳотифи ғайб нидо дод, ки: «Оре бикунад».
Кас наёрад бари ӯ дам занад аз қиссаи мо,
Магараш боди сабо гӯшгузоре бикунад.
Додаам боз назарро ба тазарве парвоз,
Бозхонад магараш нақшу шикоре бикунад.
Шаҳр холист зи ушшоқ, бувад к-аз тарафе,
Марде аз хеш бурун ояду коре бикунад.
Ку кариме, ки зи базми тарабаш ғамзадае
Ҷуръае даракашаду дафъи хуморе бикунад?
Ё вафо ё хабари васли ту ё марги рақиб,
Бувад оё, ки фалак з-ин ду-се коре бикунад?
Ҳофизо, гар наравӣ аз дари ӯ, ҳам рӯзе
Гузаре бар сарат аз гӯша каноре бикунад.
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *