То Сари Зулфи Ту Дар Дасти Насим Афтодаст,

То сари зулфи ту дар дасти насим афтодаст,
Дили савдозада аз ғусса ду ним афтодаст.
Чашми ҷодуи ту худ айни саводи сеҳр аст,
Лекин ин аст, ки ин нусха сақим афтодаст.
Дар хами зулфи ту он холи сияҳ донӣ, чист?
Нуқтаи дуда, ки дар ҳалқаи ҷим афтодаст.
Зулфи мушкини ту дар гулшани фирдавси узор
Чист? Товус, ки дар боғи наим афтодаст,
Дили ман дар ҳаваси рӯи ту, эй мӯниси ҷон,
Хоки роҳест, ки дар дасти насим афтодаст.
Ҳамчу гард ин тани хокӣ натавонад бархост,
Аз сари кӯи ту з-он рӯ, ки азим афтодаст.
Сояи қадди ту бар қолибам, эй Исодам,
Акси рӯҳест, ки бар азми рамим афтодаст.
Он, ки ҷуз Каъба мақомаш набуд аз ёди лабат,
Бар дари майкада, дидам, ки муқим афтодаст.
Ҳофизи гумшударо бо ғамат, эй ёри азиз,
Иттиҳодест, ки дар аҳди қадим афтодаст.
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *