В-ин нақши зарқро хати бутлон ба сар кашем.
Назри футӯҳи савмаа дар ваҷҳи май ниҳем,
Далқи риё ба оби ҳаробот баркашем.
Фардо агар на равзаи ризвон ба мо диҳанд,
Ғилмон зи равза, ҳур зи ҷаннат бадар кашем.
Берун ҷаҳем сархушу аз базми сӯфиён
Ғорат кунем бодаву шоҳид ба бар кашем.
Ишрат кунем в-арна, ба ҳасрат кушандамон
Рӯзе ки рахти ҷон ба ҷаҳони дигар кашем.
Сирри худо, ки дар тутуқи ғайб мунзавист
Мастонааш ниқоб зи рухсор баркашем.
Ку ҷилвае зи абруи ӯ, то чу моҳи нав,
Гӯи сипеҳр дар хами чавгони зар кашем.
Ҳофиз, на ҳадди мост чунин лофҳо задан,
Пой аз гилеми хеш чаро бештар кашем.