Гавҳари ҳар кас аз ин лаъл тавонӣ донист.
Қадри маҷмӯаи гул мурғи саҳар донаду бас,
Ки на ҳар, к-ӯ варақе хонд, маонӣ донист.
Арза кардам ду ҷаҳон бар дили корафтода,
Ба ҷуз аз ишқи ту боқӣ ҳама фонӣ донист.
Он шуд акнун, ки зи абнон авом андешам,
Мӯҳтасиб низ дар ин айши ниҳонӣ донист.
Дилбар осоиши мо маслиҳати вақт надид,
В-арна аз ҷониби мо дилнигаронӣ донист.
Сангу гилро кунад аз юмни назар лаълу ақиқ,
Ҳар кӣ қадри нафаси боди ямонӣ донист.
Эй, ки аз дафтари ақл ояти ишқ омӯзӣ,
Тарсам ин нуқта ба таҳқиқ надонӣ донист.
Май биёвар, ки нанозад ба гули боғи ҷаҳон
Ҳар кӣ ғоратгарии боди хазонӣ донист.
Ҳофиз ин гавҳари манзум, ки аз табъ ангехт,
3-асари тарбияти Осафи сонӣ донист.