То ба фатвои хирад ҳирс ба зиндон кардам.
Ман ба сарманзили анқо на ба худ бурдам роҳ
Қатъи ин марҳала бо мурғи Сулаймон кардам.
Сояе бар дили решам фиган, эй ганҷи мурод,
Ки ман ин хона ба савдои ту вайрон кардам.
Тавба кардам, ки набӯсам лаби соқиву кунун,
Мегазам лаб, ки чаро гӯш ба нодон кардам?
Дар хилофомади одат биталаб ком, ки ман
Касби ҷамъият аз он зулфи парешон кардам.
Нақши мастуриву мастӣ на ба дасти ману туст.
Он чӣ султони азал гуфт: Бикун!—он кардам.
Дорам аз лутфи азал ҷаннати фирдавс тамаъ,
Гарчи дарбонии майхона фаровон кардам.
Ин, ки пиронасарам сӯҳбати Юсуф бинавохт,
Аҷри сабрест, ки дар кулбаи эҳзон кардам.
Гар ба девони ғазал садрнишинам, чӣ аҷаб?
Солҳо бандагии соҳиби девон кардам.
Субҳ хезиву саломат талабӣ, чун Ҳофиз,
Ҳар чӣ кардам, ҳама аз давлати Қуръон кардам.