Солҳо Дил Талаби Ҷоми Ҷам Аз Мо Мекард,

Солҳо дил талаби ҷоми Ҷам аз мо мекард,
В-он чӣ худ дошт, зи бегона таманно мекард.
Гавҳаре, к-аз садафи кавну макон берун аст,
Талаб аз гумшудагонн лаби дарё мекард.
Мушкили хеш бари пири муғон бурдам дӯш,
К-ӯ ба таъйиди назар ҳалли муаммо мекард.
Дидамаш хурраму хандон, қадаҳи бода ба даст,
В-андар он оина садгуна тамошо мекард.
Гуфтам: «Ин ҷоми ҷаҳонбин ба ту кай дод ҳақим?»
Гуфт: «Он рӯз, ки ин гунбади мино мекард».
Бедиле дар ҳама аҳвол Худо бо ӯ буд,
ӯ намедидашу аз дур, «Худоё», мекард.
Ин ҳама шӯъбадаи хеш, ки мекард ин чо,
Сомирӣ пеши асову яди байзо мекард.
Гуфт он ёр к-аз ӯ гашт сари дор баланд,
Ҷурмаш ин буд, ки асрор ҳувайдо мекард.
Файзи рӯҳулкудус ар боз мадад фармояд,
Дигарон ҳам бикунанд он чи Масеҳо мекард.
Гуфтамаш: «Силсилаи зулфи бутон аз паи чист?»
Гуфт: «Ҳофиз гилае аз дили шайдо мекард».
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *