РавнаКи майкада аз дарсу дуои мо буд.
Некии пири муғон бин, ки чу мо, бадмастон,
Ҳар чӣ кардем, ба чашми карамаш зебо буд.
Дафтари дониши мо ҷумла бишӯед ба май,
Ки фалак дидаму дар қасди дили доно буд.
Аз бутон он талаб, ар ҳусншиносӣ, эй дил,
К-ин касе гуфт, ки дар илми назар бино буд.
Дил чу паргор ба ҳар сӯ даваронӣ мекард.
В-андар он доира саргаштаи побарҷо буд.
Мутриб аз дарди муҳаббат амале мепардохт,
Ки ҳақимони ҷаҳонро мижа хунполо буд.
Мешукуфтам зи тараб з-он, ки чу гул бар лаби ҷӯй,
Бар сарам сояи он сарви сиҳиболо буд.
Пири гулранги ман андар ҳақи азрақпӯшон,
Руҳсати хубс надод, ар на ҳикоятҳо буд.
Қалби андудаи Ҳофиз бари ӯ харҷ нашуд,
К-ин муомил ба ҳама айби ниҳон бино буд.