Саҳар Зи Ҳотифи Ғайбам Расид Мужда Ба Гӯш,

Саҳар зи ҳотифи ғайбам расид мужда ба гӯш,
Ки даври шоҳ Шуҷоъ аст, май далер бинӯш.
Шуд он, ки аҳли назар бар канора мерафтанд,
Ҳазор гуна сухан дар даҳону лаб хомӯш.
Ба савти чанг бигӯем он ҳикоятҳо
Ки аз нуҳуфтани он деги сина мезад чӯш.
Шароби хонагии тарси мӯҳтасиб хӯрда
Ба рӯи ёр бинӯшему бонги нӯшонӯш.
Зи кӯи майкада дӯшаш ба дӯш мебурданд,
Имоми шаҳр, ки саҷҷода мекашид ба дӯш.
Дило, далолати хайрат кунам ба роҳи наҷот,
Макун ба фисқ мубоҳоту зӯхд ҳам мафурӯш.
Маҳалли нури таҷаллист рои анвари шоҳ,
Чу қурби ӯ талабӣ, дар сафои нийят кӯш!
Ба ҷуз санои ҷалолаш масоз вирди замир
Ки ҳаст гӯши дилаш маҳрами паёми сурӯш.
Румузи маслиҳати мулк хусравон донанд,
Гадои гӯшанишинӣ ту, Ҳофизо, махурӯш!
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *