Ҳамдами гул намешавад, ёди суман намекунад?
Дӣ гилае зи туррааш кардаму аз сари фусӯс
Гуфт, ки: «Ин сиёҳи каҷ гӯш ба ман намекунад».
То дили ҳарзагарди ман, рафт ба чини зулфи ӯ,
3-он сафари дарози худ азми ватан намекунад.
Пеши камони абруяш лоба ҳамекунам, вале
Гӯшкашида аст, аз он гӯш ба ман намекунад.
Бо ҳама атфи доманат оядам аз сабо аҷаб,
К-аз гузари ту хокро мушки Хутан намекунад.
Чун зи насим мешавад зулфи бунафша пуршикан,
Ваҳ, ки дилам чӣ ёд аз он аҳдшикан намекунад.
Дил ба умеди рӯи ӯ ҳамдами ҷон намешавад,
Ҷон ба ҳавои кӯи ӯ хидмати тан намекунад.
Соқии симсоқи ман гар ҳама дурд медиҳад,
Кист, ки тан чу ҷоми май ҷумла даҳан намекунад.
Дастхуши ҷафо макун оби рухаш, ки файзи абр,
Бе мадади сиришқи ман, дурри Адан намекунад.
Куштаи ғамзаи ту шуд Ҳофизи ношунидапанд,
Теғ сазост ҳар киро дарки сухан намекунад.