Сари Иродаи Мо В-Остони Ҳазрати Дӯст,

Сари иродаи мо в-остони ҳазрати дӯст,
Ки ҳар чӣ бар сари мо меравад, иродати ӯст.
Назири дӯст надидам, агарчи аз маҳу меҳр
Ниҳодам оинаҳо дар муқобили рухи дӯст.
Сабо зи ҳоли дили танги мо чӣ шарҳ диҳад?
Ки чун шиканҷи варақҳои ғунча тӯ бар тӯст.
На ман сабӯкаши ин дайри риндсӯзаму бас,
Басо саро, ки дар ин корхона сангу сабӯст.
Магар ту шона задӣ зулфи анбарафшонро
Ки бод ғолиясо гашту хок анбарбӯст.
Нисори рӯи ту ҳар барги гул, ки дар чаман аст,
Фидои қадди ту ҳар сарвбун, ки бар лаби ҷӯст,
Забони нотиқа дар васфи шавқ нолон аст,
Чӣ ҷои килки буридазабони беҳудагӯст.
Рухи ту дар дилам омад, мурод хоҳам ёфт,
Чаро, ки ҳоли накӯ дар қафои фоли накӯст,
На ин замон дили Ҳофиз дар оташи ҳавас аст,
Ки доғдори азал ҳамчу лолаи худрӯст.
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *