Ва ҷоватти-л-масонӣ ва-л-масолӣ.
Ало водӣ-л-арокӣ ва ман алайҳо,
Ва доран би-л-ливо фавқа-р-римолӣ.
Дуогӯи ғарибони ҷаҳонам,
Ва адъу би-т-тавотур ва-т-таволӣ.
Ба ҳар манзил, ки рӯ орад, худоро,
Нигаҳ дораш ба лутфи лоязолӣ!
Манол, эй дил, ки дар занҷири зулфаш
Ҳама ҷамъият аст ошуфтаҳолӣ.
Зи хаттат сад ҷамоли дигар афзуд,
Ки умрат бод сад соли Ҷалолӣ.
Ту мебояд, ки бошӣ в-арна саҳл аст
Зиёни мояи ҷоҳиву молӣ.
Бар он наққоши қудрат офарин бод,
Ки гирди маҳ кашад хатти ҳилолӣ!
Фа ҳуббука роҳатӣ фӣ кулли ҳайнин,
Ва зикрук мӯнисӣ фӣ кулли ҳолӣ.
Сувайдои дили ман то қиёмат
Мабод аз ишқу савдои ту холӣ.
Куҷо ёбам висоли чун ту шоҳе
Мани бадноми ринди лоуболӣ.
Худо донад, ки Ҳофизро ғараз чист?
Ва илмуллоҳи ҳасбӣ мин суолӣ.