Сабо, Ту Накҳати Он Зулфи Мушкбӯ Дорӣ,

Сабо, ту накҳати он зулфи мушкбӯ дорӣ,
Ба ёдгор бимонӣ, ки бӯи ӯ дорӣ.
Дилам, ки гавҳари асрори ҳусну ишқ, дар ӯст,
Тавон ба дасти ту додан, гараш накӯ дорӣ.
Дар он шамоили матбӯъ ҳеҷ натвон гуфт,
Ҷуз ин қадар, ки рақибони тундхӯ дорӣ.
Навои булбулат, эй гул, куҷо писанд афтад,
Ки гӯшу ҳуш ба мурғони ҳарзагӯ дорӣ?
Ба ҷуръаи ту сарам маст гашт нӯшат бод,
Худ аз кадом хум аст ин, ки дар сабӯ дорӣ?
Ба саркашии худ, эй сарви ҷӯйбор, маноз,
Ки гар бад-ӯ расӣ, аз шарм сар фурӯ дорӣ.
Дам аз мамолики хубӣ чу офтоб задан
Туро расад, ки ғуломони моҳрӯ дорӣ!
Қабои ҳуснфурӯшӣ туро бирозаду бас,
Ки ҳамчу гул ҳама оини рангу бӯ дорӣ.
Зи кунҷи савмаа, Хофиз, маҷӯй гавҳари ишқ,
Қадам бурун неҳ, агар майли ҷустуҷӯ дорӣ.
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *