Сабо, Ба Лутф Бигӯ Он Ғазоли Раъноро,

Сабо, ба лутф бигӯ он ғазоли раъноро,
Ки сар ба кӯҳу биёбон ту додаӣ моро.
Шакарфурӯш, ки умраш дароз бод, чаро
Тафаққуде накунад тӯтии шакархоро.
Ғурури ҳуснат иҷозат магар надод, эй гул,
Ки пурсише накунӣ андалеби шайдоро?
Ба хулқу лутф тавон кард сайди аҳли назар,
Ба банду дом нагиранд мурғи доноро.
Надонам аз чӣ сабаб ранги ошноӣ нест,
Сиҳиқадони сияҳчашми моҳсиморо?
Чу бо ҳабиб нишиниву бода паймоӣ,
Ба ёд ор муҳиббони бодапайморо.
Ҷуз ин қадар натавон гуфт дар ҷамоли ту айб,
Ки вазъи меҳру вафо нест рӯи зеборо.
Дар осмон на аҷаб, гар ба гуфтаи Ҳофиз,
Суруди Зӯҳра ба рақс оварад Масеҳоро.
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *