Куҷост булбули хушгӯй, гӯ, барор овоз!
Дило зи ҳаҷр макун нола з-он, ки дар олам
Ғам асту шодиву хору гулу нишебу фароз.
Танам зи хаҷри ту чашм аз ҷаҳон фурӯ медӯхт,
Умеди давлати васли ту дод ҷонам боз.
Ба ҳеҷ дар наравам баъд аз ин зи ҳазрати дӯст,
Чу Қаъба ёфтам, оям зи бутпарастӣ боз.
Маро чӣ фикр зи ҷаври туву ҷафои рақиб,
Асири ишқ надорад ғам аз балои дароз.
Шабе чунин ба саҳаргаҳ зи бахт хостаам,
Ки бо ту шарҳи саранҷоми худ кунам оғоз.
Ғубори хотири мо чашми хасм кӯр кунад,
Ту рух ба хок неҳ, эй Ҳофизу бисӯзу бисоз.