Дар ғунчаи ҳанӯзу садат андалеб ҳаст.
Гар омадам ба кӯи ту, чандон ғариб нест.
Чун ман дар ин диёр ҳазорон ғариб ҳаст.
Дар ишқ хонақоҳу харобот фарқ нест,
Ҳар ҷо, ки ҳаст, партави рӯи ҳабиб ҳаст.
Он ҷо, ки кори савмааро ҷилва медиҳанд,
Ноқуси дайри роҳибу номи салиб ҳаст.
Ошиқ кӣ шуд, ки ёр ба холаш назар накард,
Эй хоҷа, дард нест в-агарна табиб ҳаст.
Фарёди Ҳофиз ин ҳама охир ба ҳарза нест,
Ҳам қиссае ғарибу ҳадисе аҷиб ҳаст.