Пеши шамъ оташи парвона ба ҷон, гӯ, даргир!
Дар лаби ташнаи ман бину мадор об дареғ!
Бар сари куштаи хеш ову зи хокаш баргир.
Тарки дарвеш магир, ар набувад симу зараш,
Дар ғамат сим шумур ашку рухашро зар гир!
Чанг бинвозу бисоз, ар набувад уд, чӣ бок?
Оташам ишқу дилам уду танам маҷмар гир!
Дар самоъ ову зи сар хирқа барандозу бирақс,
В-арна бо гӯша раву хирқаи мо дар сар гир!
Суф баркаш зи сару бодаи софӣ даркаш,
Сим дарбозу ба зар симбаре дар бар гир!
Дӯст, гӯ, ёр шаву ҳар ду ҷаҳон душман бош!
Бахт, гӯ, пушт макун, рӯи замин лашкар гир!
Майли рафтан макун, эй дӯст, даме бо мо бош,
Бар лаби ҷӯй тараб чӯву ба каф соғар гир.
Рафта гир аз бараму з-оташу оби дилу чашм
Гунаам зарду лабам хушку канорам тар гир!
Ҳофиз, ороста кун базму бигӯ воизро,
Ки бибин маҷлисаму тарки сари минбар гир!