Расид Мужда, Ки Омад Баҳору Сабза Дамид,

Расид мужда, ки омад баҳору сабза дамид,
Вазифа гар бирасад, масрифаш гул асту набид.
Сафири мурғ баромад бати шароб куҷост?
Фиғон фитод ба булбул ниқоби гул кӣ кашид?
Зи меваҳои биҳиштӣ чӣ завқ дарёбад
Ҳар он, ки себи занаҳдони шоҳиде нагазид?
Макун зи ғусса шикоят, ки дар тариқи талаб
Ба роҳате нарасид он, ки заҳмате накашид.
Зи рӯи соқии маҳваш гуле бичин имрӯз,
Ки гирди орази бӯстон хати бунафша дамид.
Чунон карашмаи соқӣ дилам зи даст бибурд,
Ки бо касе дигарам нест барги гуфтушунид.
Ман ин мураққаъи рангин чу гул бихоҳам сӯхт,
Ки пири бодафурӯшаш ба ҷуръае нахарид.
Баҳор мегузарад, додгустаро, дарёб,
Ки рафт мавсиму Ҳофиз ҳанӯз май начашид.
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *