Оё чӣ хато дид, ки аз роҳи хато рафт?
То рафт маро аз назар он чашми ҷахонбин,
Кас воКифи мо нест, ки аз дида чиҳо рафт.
Бар шамъ нарафт аз гузари оташи дил дӯш
Он дуд, ки аз сӯзи ҷигар бар сари мо рафт.
Дур аз рухи ту дам ба дам аз гӯшаи чашмам
Селоби сиришқ омаду тӯфони бало рафт.
Аз пой фитодем, чу омад ғами ҳиҷрон,
Дар дард бимурдем, чу аз даст даво рафт.
Дил гуфт: «Висолаш ба дуо боз тавон ёфт».
Умрест, ки умрам ҳама дар кори дуо рафт.
Эҳром чӣ бандем, чу он Қибла на ин ҷост,
Дар саъй чӣ кӯшем, чу аз Марва Сафо рафт.
Дӣ гуфт табиб аз сари ҳасрат, чу маро дид:
«Ҳайҳот, ки ранҷи ту зи Қонуни Шифо рафт».
Эй дӯст, ба пурсидани Ҳофиз қадаме неҳ,
3-он пеш, ки гӯянд, ки аз дори фано рафт.