Овард ҳирзи ҷон зи хати мушкбори дӯст.
Хуш медиҳад нишони ҷалолу ҷамоли ёр,
Хуш мекунад ҳикояти иззу вақори дӯст.
Дил додамаш ба муждаву ҳиҷлат ҳамебарам
3-ин нақди қалби хеш, ки кардам нисори дӯст.
Шукри Худо, ки аз мадади бахти корсоз,
Бар ҳасби орзӯст ҳама кору бори дӯст.
Сайри сипеҳру даври қамарро чӣ ихтиёр?
Дар гардишанд бар ҳасаби ихтиёри дӯст.
Гар боди фитна ҳар ду ҷаҳонро ба ҳам занад,
Мову ҷароғи чашму раҳи интизори дӯст!
Қӯҳл-ул-ҷавоҳире, ба ман ор, эй насими субҳ
3-он хоки некбахт, ки шуд раҳгузори дӯст.
Моему остонаи ишқу сари ниёз,
То хоби хуш киро барад андар канори дӯст.
Душман ба қасди Ҳофиз агар дам занад, чӣ бок?
Миннат Худойро, ки наям шармсори дӯст.