Он Ёр, К-Аз Ӯ Хонаи Мо Ҷои Парӣ Буд,

Он ёр, к-аз ӯ хонаи мо ҷои парӣ буд,
Сар то қадамаш чун парӣ аз айб барӣ буд.
Дил гуфт фурӯкаш кунам ин шаҳр ба бӯяш,
Бечора надонист, ки ёраш сафарӣ буд.
Танҳо на зи рози дили ман парда барафтод,
То буд фалак, шеваи ӯ пардадарӣ буд.
Манзури хирадманди ман он моҳ, ки ӯро,
Бо ҳусни адаб шеваи соҳибназарӣ буд.
Аз чанги манаш ахтари бадмеҳр бадар бурд,
Оре, чӣ кунам, давлати даври қамарӣ буд.
Узре бинеҳ, эй дил, ки ту дарвешиву ӯро
Дар мамлакати ҳусн сари тоҷварӣ буд.
Авқоти хуш он буд, ки бо дӯст ба сар рафт,
Боқӣ ҳама беҳосиливу бехабарӣ буд.
Хуш буд лаби обу гулу сабзаву насрин,
Афсӯс, ки он ганҷи равон раҳгузарӣ буд.
Худро бикуш, эй булбул, аз ин рашк, ки гулро
Бо боди сабо вақти саҳар ҷилвагарӣ буд.
Ҳар ганҷи саодат, ки Худо дод ба Ҳофиз,
Аз юмни дуои шабу вирди саҳарӣ буд.
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *