Гардун варақи хастии мо дарнанавиштӣ.
Ҳарчанд, ки хиҷрон самари васл бар орад,
Деҳқони ҷаҳон кош ки ин тухм накиштӣ!
Омурзиши нақд аст касеро, ки дар ин чо
Ёрест чу ҳуреву сарое чу биҳиште.
Дар мастабаи ишқ танаъум натавон кард,
Чун болиши зар нест, бисозем ба хиште.
Мафрӯш ба боғи Ираму нахвати Шаддод,
Як шиша маю нӯшлабеву лаби киште!
То кай ғами дунёи данӣ, эй дили доно
Ҳайф аст зи хубе, ки шавад ошиқи зиште!
Олудагии хирқа харобии чаҳон аст,
Ку роҳраве, аҳли диле, поксириште?
Аз даст чаро ҳишт сари зулфи ту Ҳофиз,
Такдир чунин буд, чӣ кардӣ, ки наҳиштӣ?