Нақдҳоро Бувад Оё, Ки Иёре Гиранд,

Нақдҳоро бувад оё, ки иёре гиранд,
То ҳама савмиадорон паи коре гиранд.
Маслиҳатдиди ман он аст, ки ёрон ҳама кор
Бигузоранду хами турраи ёре гиранд.
Хуш гирифтанд ҳарифон сари зулфи соқӣ,
Гар фалакшон бигузорад, ки қароре гиранд
Қуввати бозуи парҳез ба хубон мафурӯш,
К-андар ин хайл ҳисоре ба саворе гиранд.
Ё раб, ин баччаи туркон, чӣ далеранд ба хун,
Ки ба тири мижа ҳар лаҳза шикоре гиранд.
Рақс бар шеъри тару нолаи най хуш бошад,
Хоса рақсе, ки дар он дасти нигоре гиранд.
Ҳофиз, абнои замонро ғами мискинон нест,
3-ин миён гар битавон беҳ, ки каноре гиранд
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *