Моҳам Ин Ҳафта Бурун Рафту Ба Чашмам Солест,

Моҳам ин ҳафта бурун рафту ба чашмам солест,
Ҳоли ҳиҷрон ту чӣ донӣ, ки чӣ мушкил ҳолест.
Мардуми дида зи лутфи рухи ӯ дар рухи ӯ
Акси худ диду гумон бурд, ки мушкин холест.
Мечакад шир ҳанӯз аз лаби ҳамчун шакараш,
Гарчи дар шевагарӣ ҳар мижааш қаттолест.
Эй, ки ангуштнамоӣ ба карам дар ҳама шаҳр,
Ваҳ ки дар кори ғарибон аҷабат эҳмолест.
Баъд аз инам набувад шоиба дар ҷавҳари фард,
Ки даҳони ту дар ин нуқта хуш истидлолест.
Мужда доданд, ки бар мо гузаре хоҳӣ кард,
Нияти хайр магардон, ки муборак фолест.
Кӯҳи андӯҳи фироқат ба чӣ ҳолат бикашад
Ҳофизи хаста, ки аз нола танаш чун нолест.
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *