Мири Ман Хуш Меравӣ, К-Андар Сару По Мирамат,

Мири ман хуш меравӣ, к-андар сару по мирамат,
Хум хирвмвн шав, ки пеши қадди раъно мирамат.
Гуфта будӣ: «Кай бимирӣ пеши ман, таъҷил чист?»
Хуш тақозо мекунӣ, пеши тақозо мирамат.
Ошиқу махмуру маҳҷурам, бути соқӣ куҷост?
Гӯ, ки бихромад, ки пеши сарви боло мирамат.
Он, ки умре шуд, ки то беморам аз савдои ӯ,
Гӯ: «Нигоҳе кун, ки пеши чашми шаҳло мирамат».
Гуфтаӣ: «Лаъли лабам ҳам дард бахшад ҳам даво».
Гоҳ пеши дарду гаҳ пеши мудово мирамат.
Хуш хиромон меравӣ, чашми бад аз рӯи ту дур,
Дорам андар сар хаёли он, ки дар по мирамат.
Гарчи ҷои Ҳофиз андар хилвати васли ту нест,
Эй ҳама ҷои ту хуш, пеши ҳама ҷо мирамат.
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *