Ҳиҷрон балои мо шуд, ё раб, бало бигардон!
Маҳ ҷилва менамояд бар сабзхинги гардун,
То ӯ ба сар дарояд, бар рахш по бигардон!
Марғулро барафшон, яъне ба рағми сунбул,
Гирди чаман бухуре ҳамчун сабо бигардон!
Яғмои ақлу динро берун хиром сармаст,
Дар сар қулоҳ бишкан, дар бар қабо бигардон.
Эй нури чашми мастон, дар айни интизорам,
Чанги ҳазину ҷоме бинвоз ё бигардон!
Даврон ҳаменависад бар оразаш хати хуш,
Ё раб, навиштаи бад аз ёри мо бигардон!
Ҳофиз зи хубрӯён бахтат ҷуз ин қадар нест,
Гар нестат ризое, ҳукми қазо бигардон!