Маҷмаи Хубиву Лутф Аст Узори Чу Маҳаш,

Маҷмаи хубиву лутф аст узори чу маҳаш,
Лекинаш меҳру вафо нест, худоё, бидеҳаш!
Дилбарам шоҳиди тифл асту ба бозӣ рӯзе
Бикушад зораму дар шаръ набошад гунаҳаш.
Мап ҳамон беҳ, ки аз ӯ нек нигаҳ дорам дил,
Ки баду нек надидасту надорад нигаҳаш.
Бӯи шир аз лаби ҳамчун шакараш меояд,
Гарчи хун мечакад аз шеваи чашми сияҳаш.
Чордаҳсола буте чобуки ширин дорам,
Ки ба ҷон ҳалқа ба гӯш аст маҳи чордаҳаш.
Аз паи он гули навруста дили ман, ё раб,
Худ куҷо шуд, ки надидем дар ин чанд гаҳаш?
Ёри дилдори ман ар қалб бад-ин сон шиканад,
Бибарад зуд ба ҷондории худ подшаҳаш.
Ҷон ба шукрона кунам сарф, гар он донаи дур
Садафи синаи Ҳофиз бувад оромгаҳаш.
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *