Маро Аҳдест Бо Ҷонон, Ки То Ҷон Дар Бадан Дорам,

Маро аҳдест бо ҷонон, ки то ҷон дар бадан дорам,
Ҳаводорони кӯяшро чу ҷони хештан дорам.
Сафои хилвати хотир аз он шамъи Чигил ҷӯям.
Фурӯғи чашму нури дил аз он моҳи Хутан дорам.
Ба кому орзӯи дил чу дорам хилвате ҳосил,
Чӣ фикр аз хубси бадгӯён миёни анҷуман дорам.
Маро дар хона сарве ҳаст, к-андар сояи қаддаш
Фароғ аз сарви бӯстониву шамшоди чаман дорам.
Гарам сад лашкар аз хубон ба қасди дил камин созанд,
Биҳамдуллоҳи-вал-минна, буте лашкаршикан дорам.
Сазад, к-аз хотами лаълаш занам лофи Сулаймонӣ,
Чу исми аъзамам бошад, чӣ бок аз аҳраман дорам.
Ало, эй пири фарзона, макун маънам зи майхона,
Ки ман дар тарки паймона дили паймоншикан дорам.
Худоро, эй рақиб, имшаб замоне дида бар ҳам неҳ,
Ки ман бо лаъли хомӯшаш ниҳонӣ сад сухан дорам.
Чу дар гулзори иқболаш хиромонам, биҳамдуллоҳ,
На майли лолаву насрин, на барги настаран дорам.
Ба риндӣ шӯҳра шуд Ҳофиз миёни ҳамдамон, лекин
Чӣ ғам дорам, ки дар олам Қавомуддин Ҳасан дорам.
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *