Дуои пири муғон вирди субҳгоҳи ман аст.
Гарам таронаи чанги сабӯҳ нест, чӣ бок?
Навои ман ба саҳар оҳи узрҳоҳи ман аст!
Зи подшоҳу гадо фориғам, биҳамдуллоҳ,
Гадои хоки дари дӯст подшоҳи ман аст.
Ғараз зи масҷиду майхонаам висоли шумост,
Ҷуз ин хаёл надорам, Худо гувоҳи ман аст.
Магар ба теғи аҷал хайма барқанам в-ар не,
Рамидан аз дари давлат, на расму роҳи ман аст.
Аз он замон, ки бар ин остон ниҳодам рӯй,
Фарози маснади хуршед такягоҳи ман аст.
Гуноҳ агарчи набуд ихтиёри мо, Ҳофиз,
Ту дар тариқи адаб бош, гӯ: «Гуноҳи ман аст».