Ман Дӯстдори Рӯи Хушу Мӯи Дилкашам,

Ман дӯстдори рӯи хушу мӯи дилкашам,
Мадҳуши чашми масту маи софи беғашам.
Гуфтӣ: «Зи сирри аҳди азал як сухан бигӯ»,
Он гаҳ бигӯямат, ки ду паймона даркашам.
Ман одами биҳиштиям, аммо дар ин сафар,
Ҳоле асири ишқи ҷавонони маҳвашам.
Дар ошиқӣ гузир набошад зи созу сӯз,
Истодаам чу шамъу матарсон зи оташам.
Шероз маъдани лаби лаъл асту кони ҳусн,
Ман ҷавҳарии муфлисам, иро мушаввашам.
Азбаски чашми маст дар ин шаҳр дидаам,
Ҳаққо, ки май намехӯрам акнуну сархушам.
Шаҳрест пуркарашмаву хубон зи шаш ҷиҳат,
Чизем нест в-арна харидори ҳар шашам.
Бахт ар мадад диҳад, ки кашам рахт сӯи дӯст,
Гесӯи ҳур гард фишонад зи мафрашам.
Ҳофиз арӯси табъи маро ҷилва орзуст,
Оинае надорам, аз он оҳ мекашам.
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *