В-аз паи дидани ӯ додани ҷон кори ман аст.
Шарм аз он чашми сияҳ бодашу мижгони дароз,
Ҳар кӣ дил бурдани ӯ диду дар инкори ман аст.
Сорбон рахт ба дарвоза мабар, к-он сари кӯ
Шоҳроҳест, ки манзилгаҳи дилдори ман аст.
Бандаи толеъи хешам, ки дар ин қаҳти вафо
Ишқи он лӯлии сармаст харидори ман аст.
Таблаи атри гулу зулфи абирафшонаш
Файзи як шамма зи бӯи хуши аттори ман аст.
Боғбон, ҳамчу насимам зи дари хеш марон,
К-оби гулзори ту аз ашки чу гулнори ман аст.
Шарбати қанду гулоб аз лаби ёрам фармуд,
Наргиси ӯ, ки табиби дили бемори ман аст.
Он, ки дар тарзи ғазал нукта ба Ҳофиз омӯхт,
Ёри ширинсухани нодирагуфтори ман аст.