Ки нест бо касам аз баҳри молу ҷоҳ низоъ.
Шароби хонагиям бас, маи муғона биёр,
Ҳарифи бода расид, эй рафиқи тавба, видоъ.
Худойро, ба маям шустушӯи хирқа кунед,
Ки ман намешунавам бӯи хайр аз ин авзоъ.
Бибин, ки рақскунон меравад ба нолаи ҷанг
Қасе, ки рухса нафармудӣ истимои самоъ.
Ба ошиқон назаре кун ба шукри ин неъмат,
Ки ман ғуломи мутеам, ту подшоҳи мутоъ.
Ба файзи ҷуръаи ҷоми ту ташнаем вале
Намекунем далерӣ, намедиҳем судоъ.
Ҷабину чеҳраи Ҳофиз худо ҷудо макунод,
Зи хоки боргаҳи кибриёи шоҳ Шуҷоъ.