Ки ба кӯи майфурӯшон ду ҳазор Ҷам ба ҷоме!
Шудаам харобу бадному ҳанӯз умедворам,
Ки ба ҳиммати азизон бирасам ба некномӣ.
Ту, ки кимиёфурӯшӣ, назаре ба қалби мо кун,
Ки бизоате надорему фигандаем доме.
Аҷаб аз вафои ҷонон, ки инояте нафармуд,
На ба номае паёме на ба хомае саломе.
Агар ин шароб хом аст, агар он ҳариф пухта,
Ба ҳазор бор беҳтар зи ҳазор пухта хоме.
Зи раҳам маяфган, эй шайх, ба донаҳои тасбеҳ,
Ки чу мурғ зирак афтад, нафитад ба ҳеҷ доме.
Сари хидмати ту дорам, бихарам ба лутфу мафрӯш,
Ки чу банда камтар афтад ба муборакӣ ғуломе.
Ба куҷо барам шикоят, ба кӣ гӯям ин ҳикоят,
Ки лабат ҳаёти мо буду надоштӣ давоме.
Бикушой тири мижгону бирез хуни Ҳофиз,
Ки чунон кушандаеро накунад кас интиқоме.