Ишқбозиву Ҷавониву Шароби Лаълфом,

Ишқбозиву ҷавониву шароби лаълфом,
Маҷлиси унсу ҳарифи ҳамдаму шурби мудом,
Соқии шаккардаҳону мутриби ширинсухан,
Ҳамнишине неккирдору надиме некном,
Шоҳиде аз лутфу покӣ рашки оби зиндагӣ,
Дилбаре дар ҳусну хубӣ ғайрати моҳи тамом,
Базмгоҳи дилнишин чун қасри фирдавси барин,
Гулшане пироманаш чун равзаи доруссалом,
Сафнишинон некхоҳу пешкорон боадаб,
Дӯстдорон соҳибасрору ҳарифон дӯстком,
Бодаи гулранги талхи тези хушхори сабук,
Нуқлаш аз лаъли нигору нақлаш аз ёқути хом,
Ғамзаи соқӣ ба яғмои хирад оҳихта теғ,
Зулфи ҷонон аз барои сайди дил густурда дом,
Нуктадоне базлагӯ чун Ҳофизи ширинсухан,
Бахшишомӯзе чаҳонафрӯз чун Ҳочӣ Қавом,
Ҳар кӣ ин ишрат нахоҳад, хушдилӣ бар вай табоҳ,
В-он ки ин маҷлис начӯяд, зиндагӣ бар вай ҳаром.
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *