В-ин дафтари бемаънӣ ғарқи маи ноб авло.
Чун умр табаҳ кардам, чандон, ки нигаҳ кардам,
Дар кунҷи харобате афтода хароб авло.
Чун маслиҳатандешӣ, дур аст зи дарвешӣ,
Ҳам сина пур аз оташ, ҳам дида пуроб авло.
Ман ҳолати зоҳидро бо халқ нахоҳам гуфт,
Ин қисса агар гӯям, бо чангу рубоб авло.
То бе сару по бошад авзоъи фалак з-ин даст,
Дар сар ҳаваси соқӣ, дар даст шароб авло.
Аз ҳамчу ту дилдоре, дил барнаканам, оре,
Чун тоб кашам, боре з-он зулфи батоб, авло,
Чун пир шудӣ, Ҳофиз, аз майкада берун ой,
Риндиву ҳаваснокӣ, дар аҳди шабоб авло.