Ид Асту Охири Гулу Ёрон Дар Интизор,

Ид асту охири гулу ёрон дар интизор,
Соқӣ, ба рӯи шоҳ бибин моҳу май биёр!
Дил баргирифта будам аз айёми гул, вале
Коре бикард ҳиммати покони рӯзгор.
Дил дар ҷаҳон мабанду ба мастӣ суол кун
Аз файзи ҷому қиссаи Ҷамшеди комгор.
Ҷуз нақди ҷон ба даст надорам, шароб ку,
К-он низ бар карашмаи соқӣ кунам нисор?
Хуш давлатест хурраму хуш хусрави карим,
Ё раб, зи захми чашми замонаш нигоҳ дор.
Май хӯр ба шеъри банда, ки зебе дигар диҳад,
Ҷоми мурассаи ту бад-ин дурри шоҳвор.
Гар фавт шуд саҳур, чӣ нуқсон? Сабуҳ ҳаст,
Аз май шаванд рӯзакушо толибони ёр.
3-он ҷо, ки пардапӯшии афви карими туст,
Бар қалби мо бибахш, ки нақдест камиёр.
Тарсам, ки рӯзи ҳашр инон бар инон равад
Тасбеҳи шайху хирқаи ринди шаробхор.
Ҳофиз, чу рафт рӯзаву гул низ меравад,
Ночор бода нӯш, ки аз даст рафт кор.
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *