Роҳи ҳазор чорагар аз чор сӯ бибаст.
То ошиқон ба бӯи насимаш диҳанд ҷон,
Бикшод нофаеву дари орзу бибаст.
Шайдо аз он шудам, ки нигорам чу моҳи нав,
Абрӯ намуду ҷилвагарӣ карду рӯ бибаст.
Соқӣ ба чанд ранг май андар пиёла рехт,
Ин иақшҳо нигар, ки чӣ хуш дар кадӯ бибаст.
Ё раб, чӣ ғамза кард суроҳӣ, ки хуни хум
Бо наъраҳои қулқулаш андар гулӯ бибаст.
Мутриб чӣ нағма сохт, ки дар пардаи само,
Бар аҳли ваҷду ҳол дари ҳою ҳӯ бибаст.
Ҳофиз, ҳар он кӣ ишқ наварзиду васл хост,
Эҳроми тавфи Каъбаи дил бевузӯ бибаст.