Зулф Ошуфтаву Хай Кардавӯ Хандонлабу Маст,

Зулф ошуфтаву хай кардавӯ хандонлабу маст,
Пираҳанчоку ғазалхону суроҳӣ дар даст,
Наргисаш арбадаҷӯву лабаш афсӯскунон,
Ними шаб дӯш ба болини ман омад, бинишаст.
Сар фарогӯши ман оварду ба овози ҳазин,
Гуфт:—Эй ошиқи деринаи ман, хобат ҳаст?
Ошиқеро, ки чунин бодаи шабгир диҳанд,
Кофари ишқ бувад, гар набувад бодапараст.
Бирав, эй зоҳиду бар дурдкашон хурда магир,
Ки надоданд ҷуз ин тӯҳфа ба мо рӯзи аласт.
Он чӣ ӯ рехт ба паймонаи мо, нӯшидем,
Агар аз хамри биҳишт асту агар бодаи маст.
Хандаи ҷоми маю зулфи гиреҳгири нигор,
Эй басо тавба, ки чун тавбаи Ҳофиз бишикаст.
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *