Ноз бунёд макун, то накани бунёдам.
Май махӯр бо ҳама кас, то нахӯрам хуни ҷигар,
Сар макаш, то накашад сар ба фалак фарёдам.
Зулфро ҳалқа макун, то накунӣ дар бандам,
Турраро тоб мадеҳ то надиҳӣ барбодам.
Ёри бегона машав, то набурӣ аз хешам,
Ғами ағёр махӯр, то накунӣ ношодам.
Рух барафрӯз, ки фориғ кунӣ аз барги гулам,
Қад барафроз, ки аз сарв кунӣ озодам.
Шамъи ҳар ҷамъ машав, в-арна бисӯзӣ моро,
Ёди ҳар қавм макун, то наравӣ аз ёдам.
Шӯҳраи шаҳр машав, то наниҳам сар дар кӯҳ,
Шӯри Ширин манамо, то накунӣ Фарҳодам.
Раҳм кун бар мани мискину ба фарёдам рас,
То ба хоки дари Осаф нарасад фарёдам.
Ҳофиз аз ҷаври ту ҳошо, ки бигардонад рӯй,
«Ман аз он рӯз, ки дар банди туам, озодам».