Зиҳӣ Хуҷаста Замоне, Ки Ёр Бозояд,

Зиҳӣ хуҷаста замоне, ки ёр бозояд,
Ба коми ғамзадагон ғамгусор бозояд,
Ба пеши хайли хаёлаш кашидам аблақи чашм,
Бад-он умед, ки он шаҳсавор бозояд,
Агар на дар хами чавгони ӯ равад сари ман,
Зи сар нагӯяму сар худ чӣ кор бозояд.
Муқим бар сари роҳаш нишастаам чун гард
Бад-он ҳавас, ки бад-ин раҳгузор бозояд.
Диле, ки бо сари зулфайни ӯ қароре дод,
Гумон мабар, ки бад-он дил қарор бозояд.
Чӣ ҷаврҳо, ки кашиданд булбулон аз дай
Ба бӯи он, ки дигар навбаҳор бозояд.
Зи нақшбанди қазо ҳаст умеди он, Ҳофиз,
Ки ҳамчу сарв ба дастам нигор бозояд.
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *