Зи Дилбарам Кӣ Расонад Навозиши Қаламе

Зи дилбарам кӣ расонад навозиши қаламе
Куҷост пайки сабо, гар ҳамекунад караме?
Қиёс кардаму тадбири ақл дар раҳи ишқ.
Чу шабнамест, ки бар баҳр мекашад рақаме.
Биё, ки хирқаи ман гарчи раҳни майкадаҳост,
Зи моли вақф набинӣ ба номи ман дираме.
Ҳадиси чуну чаро дарди сар диҳад, эй дил,
Пиёла гиру биёсо зи умри хеш даме.
Табиби роҳнишин дарди ишқ нашносад,
Бирав ба даст кун, эй мурдадил, Масеҳдаме!
Дилам гирифт зи солусу табъи зери гилем,
Беҳ он, ки бар дари майхона баркашам аламе.
Биё, ки вақтшиносон ду кавн бифрӯшанд
Ба як пиёла маи софу сӯҳбати санаме.
Давоми айшу танаъум на шеваи ишқ аст,
Агар муошири моӣ, бинӯш неши ғаме.
Намекунам гилае, лек абри раҳмати дӯст
Ба киштзори ҷигарташнагон надод наме.
Чаро ба як наи қандаш намехаранд он кас,
Ки кард сад шакарафшонӣ аз наи қаламе?
Сазои қадри ту, шоҳо, ба дасти Ҳофиз нест,
Ҷуз аз дуои шабиву ниёзи субҳдамӣ.
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *