Ки аз болобаландон шармсорам.
Магар занҷири мӯе гирадам даст
Вагарна сар ба шайдой барорам.
Зи чашми ман бипурс авзои гардун,
Ки шаб то рӯз ахтар мешуморам.
Бад-ин шукрона мебӯсам лаби ҷом,
Ки кард огаҳ зи рози рӯзгорам.
Агар гуфтам дуои майфурӯшон,
Чӣ бошад, ҳаққи неъмат мегузорам.
Ман аз бозӯи худ дорам басе шукр,
«Ки зӯри мардумозорӣ надорам».
Саре дорам чу Ҳофиз маст, лекин,
Ба лутфи он саре уммедворам.