Зи Дар Дарову Шабистони Мо Мунаввар Кун!

Зи дар дарову шабистони мо мунаввар кун!
Ҳавои маҷлиси рӯҳониён муаттар кун!
Агар фақеҳ насиҳат кунад, ки ишқ мабоз.
Пиёлае бидиҳаш, гӯ, димоғро тар кун!!
Ба чашму абрӯи ҷонон супурдаам дилу ҷон,
Биё, биёву тамошои тоқу манзар кун!
Ситораи шаби ҳиҷрон намефишонад нур,
Ба боми қаср барову чароғи маҳ бар кун!
Бигӯ ба хозини ҷаннат, ки хоки ин манзил
Ба тӯҳфа бар сӯи фирдавсу уди миҷмар кун!
Аз ин музавваҷаҳу хирқа нек дар тангам,
Ба як карашмаи сӯфивашам қаландар кун!
Чу шоҳидони чаман зери дасти ҳусни туанд,
Карашма бар суману ҷилва бар санавбар кун!
Фузули нафс ҳикоят басе кунад, соқӣ,
Ту кори худ мадеҳ аз дасту май ба соғар кун!
Ҳиҷоби дидаи идрок шуд, шуои ҷамол,
Биёву хиргаҳи хуршедро мунаввар кун!
Тамаъ ба қанди висоли ту ҳадди мо набувад,
Ҳаволатам ба лаби лаъли ҳамчу шаккар кун!
Лаби пиёла бибӯс, он гаҳе ба мастон деҳ,
Бад-ин дақиқа димоғи муоширон тар кун!
Пас аз мулозимати айшу ишқи маҳрӯён
Зи корҳо, ки кунӣ, шеъри Ҳофиз аз бар кун!
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *