Дидаро равшанӣ аз хоки дарат ҳосил буд.
Рост чун савсану гул аз асари сӯҳбати пок,
Бар забон буд маро он чӣ туро дар дил буд.
Дил чу аз пири хирад нақли маонӣ мекард,
Ишқ мегуфт ба шарҳ он чӣ бар ӯ мушкил буд,
Оҳ аз ин ҷавру тазаллум, ки дар ин домгаҳ аст,
В-оҳ аз он айшу танаъум, ки дар он маҳфил буд.
Дар дилам буд, ки бедӯст набошам ҳаргиз,
Чӣ тавон кард, ки саъйи ману дил ботил буд.
Дӯш бар ёди ҳарифон ба харобот шудам,
Хуми май дидам хун дар дилу по дар гил буд.
Бас бигаштам, ки бипурсам сабаби дарди фироқ.
Муфтии ақл дар ин масъала лояқил буд.
Ростӣ, хотами фирӯзаи Бӯисҳоқӣ
Хуш дурахшид, вале давлати мустаъҷил буд.
Дидӣ он қаҳқаҳаи кабки хиромон, Ҳофиз,
Ки зи сарпанҷаи шоҳини қазо ғофил буд.