Ё Раб, Ин Шамъи Дилафрӯз Зи Қошонаи Кист

Ё раб, ин шамъи дилафрӯз зи қошонаи кист
Ҷони мо сӯхт, бипурсед, ки ҷононаи кист?
Ҳолиё хонабарандози дилу дини ман аст,
То дар оғӯши кӣ мехуспаду ҳамхонаи кист?
Бодаи лаъли лабаш, к-аз лаби ман дур мабод,
Роҳи рӯҳи киву паймондеҳи паймонаи кист?
Давлати сӯҳбати он шамъи саодатпартав
Бозпурсед, Худоро, ки ба парвонаи кист?
Медиҳад ҳар касаш афсуневу маълум нашуд,
Ки дили нозуки ӯ моили афсонаи кист?
Ё раб, он шоҳваши моҳрухи зӯҳраҷабин,
Дурри яктои киву гавҳари якдонаи кист?
Гуфтам: — Оҳ аз дили девонаи Ҳофиз бе ту!
Зери лаб хандазанон гуфт, ки:—Девонаи кист?
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *