Ё раб чӣ дархӯр омад гирдаш хати ҳилолӣ.
Ҳоле хаёли васлат хуш медиҳад фиребам,
То худ чӣ нақш бозад ин сурати хаёлӣ.
Май деҳ агарчи гаштам номасиёҳи олам,
Навмед кай тавон буд аз лутфи лоязолӣ?
Соқӣ, биёр ҷоме в-аз хилватам бурун каш,
То дар ба дар бигардам қаллошу лоуболӣ.
Аз чор чиз магзар, гар оқиливу зирак,
Амну шароби беғаш, маъшуқу ҷои холӣ.
Чун нест нақши даврон дар ҳеҷ ҳол собит,
Ҳофиз, макун шикоят, то май хӯрем ҳолӣ.
Софест ҷоми хотир дар даври Осафи аҳд,
Қум фа-сқӣ раҳиқан асфо мина-з-зулолӣ,
Ал-мулку қад табоҳо мин ҷаддиҳӣ ва ҷаддиҳ,
Ё раб, ки ҷовидон бод ин қадру ин маолӣ!
Маснадфурӯзи давлат, кони шукӯҳу шавкат,
Бурҳони мулку миллат, Бунасри Булмаолӣ.