Дӯш Дар Ҳалқаи Мо Қиссаи Гесуи Ту Буд,

Дӯш дар ҳалқаи мо қиссаи гесуи ту буд,
То дили шаб сухан аз силсилаи мӯи ту буд.
Дил, ки аз новаки мижгони ту дар хун мегашт,
Боз муштоқи камонхонаи абрӯи ту буд.
Ҳам афуллоҳ сабо к-аз ту паёме овард,
Варна дар кас нарасидем, ки аз кӯи ту буд.
Олам аз шӯру шари ишқ хабар ҳеҷ надошт,
Фитнаангези ҷаҳон ғамзаи ҷодуи ту буд.
Мани саргашта ҳам аз аҳли саломат будам,
Доми роҳам шикани турраи ҳиндуи ту буд.
Бикушо банди қабо, то бикушояд дили ман,
Ки кушоде, ки маро буд, зи паҳлуи ту буд.
Ба вафои ту, ки бар турбати Ҳофиз бигузар,
К-аз ҷаҳон мешуду дар орзуи рӯи ту буд.
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *