Дӯш Савдои Рухаш, Гуфтам, Зи Сар Берун Кунам,

Дӯш савдои рухаш, гуфтам, зи сар берун кунам,
Гуфт: «Ку занҷир, то тадбири ин маҷнун кунам»,
Қоматашро сарв гуфтам, сар кашид аз ман ба хашм
Дӯстон, аз рост меранчад нигорам, чун кунам?
Нукта носанҷида гуфтам, дилрабо, маъзур дор,
Шевае фармой, то ман табъро мавзун кунам.
Зардрӯӣ мекашам з-он табъи нозук бегуноҳ,
Соқиё, ҷоме бидеҳ, то чеҳраро гулгун кунам.
Эй насими манзили Лайлӣ, худоро, то ба кай
Рабъро бар ҳам занам, атлолро Ҷайҳун кунам.
Ман, ки раҳ бурдам ба ганҷи ҳусни бепоёни дӯст,
Сад гадое ҳамчу худро баъд аз ин Қорун кунам.
Эй шахи соҳибқирон, аз банда Ҳофиз ёд кун,
То дуои давлати он ҳусни рӯзафзун кунам.
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *