Хирқа тар, доману саҷҷода шароболуда.
Омад афсӯскунон муғбачаи бодафурӯш,
Гуфт: «Бедор шав, эй раҳрави хоболуда!
Шустушӯе куну в-он гаҳ ба харобот хиром,
То нагардад зи ту ин дайри хароб олуда!
Ба ҳавои лаби шириндаҳанон чанд кунӣ
Ҷавҳари рӯҳ ба ёқути музоб олуда?
Ба таҳорат гузарон манзили пириву макун
Хилъати шайб чу ташрифи шабоб олуда.
Поку софӣ шаву аз чоҳи табиат бадар ой,
Ки сафое надиҳад оби туроболуда».
Гуфтам: — Эй ҷони ҷаҳон, дафтари гул айбе нест,
Ки шавад фасли баҳор аз маи ноб олуда!
Ошноёни раҳи ишқ дар ин баҳри амиқ,
Ғарқа гаштанду нагаштанд ба об олуда.
Гуфт: «Ҳофиз, луғазу нукта ба ёрон мафурӯш!»
Оҳ аз ин лутфи ба анвоъи итоб олуда.